Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахта ҷои бензинро пур карда натавонист


Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2011 ба хориҷ 63 000 тонна нахи пахта фурӯхта, аз ин ҳисоб 172 миллион доллар ба даст овардааст. Аммо ба навиштаи хабаргузории "Авесто", ин аз 437 миллион долларе, ки дар ин муддат барои воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон харҷ шудааст, 2,5 маротиба камтар аст. Тоҷикистон 90 дарсади бензину дизели мавриди ниёзашро аз Русия ворид мекунад. Вале Маскав аз соли 2010 рӯи содироти маводди нафтиаш боҷи ҳангуфти гумрукӣ эъмол кард, ки боиси хези башиддат ва пайвастаи нархи бензину дизел дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG