Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раиси "Туркменгаз" дар ҷаласаи ҳукумат


Раисиҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи ҳукуматаш раиси ширкати давлатии “Туркменгаз” Амоналӣ Хоналиевро барканор кардааст. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки “мо бояд самараи корро дар муҳимтарин риштаи иқтисоди Туркманистон – саноати нафту газ- тақвият диҳем.” Хоналиев ҳамагӣ як сол пеш ба симати раиси “Туркменгаз” таъйин шуда буд. Тайи 4 соли раёсаташ Бердимуҳаммадов алакай 3 раиси ин ширкатро барканор кардааст.
XS
SM
MD
LG