Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати асқаф Кирилл аз давлати Русия дар рӯзи ид


Асқаф Кирилл
Асқаф Кирилл
Асқафи калисои православии Русия Кирилл рӯзи 7 январ, ки миллионҳо пайрави калисои православӣ дар саросари дунё Мавлуди Исои Масеҳро ҷашн мегиранд, аз давлат даъват кард, ба эътирозгарон гӯш диҳад. Ӯгуфт, ки "давлат бояд аз роҳи муколама ва гӯш додан ба ҷомиа, хатти машшашро ислоҳ кунад.” Русия дар ҳафтаҳои охир шоҳиди мавҷи эътирозҳо алайҳи тақаллуб дар интихоботи Думаи давлатӣ ва бо талаби хатми раёсати сарвазир Владимир Путин шудааст . Калисои православӣ ба далели корбурди тақвими юлианӣ, ки аз тақвими григорианӣ 2 ҳафта ақиб мемонад, Мавлуди Масеҳро дар таърихи 7 январ таҷлил мекунад.
XS
SM
MD
LG