Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия посухи сангин ба ҳамлаи Димишқро ваъда дод


Давлати раисиҷумҳури Сурия Башор Асад гуфт, ба ҳамлаи рӯзи ҷумъа дар Димишқ, ки ба гуфтаи мақомот, 26 кушта ба ҷо гузошт, бо “мушти оҳанин” посух хоҳад дод. Вазорати умури дохилаи Сурия дар баёнияаш гуфт, “алайҳи онҳое, ки амнияти кишварро ба ҳам мезананд, бо мушти оҳанин хоҳад ҷангид." Димишқ бомбгузории ахирро кори “терррористҳо” меномад, вале мухолифин давлатро айбдор мекунанд, ки бо роҳандозии ин ҳамла мехоҳад мунтақидонашро бадном кунад.
Таркиши ахир дар пойтахти Сурия 2 рӯз қабл аз баррасии гузориши муқаддамотии нозирони Лигаи Араб рух дод. Ин гурӯҳи нозирон иҷрои нақшаи хатми саркӯбии ошӯбҳои зидди раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро, ки дар 10 моҳ беш аз 5 000 қурбонӣ ба ҷо гузошт, назорат мекунад.
XS
SM
MD
LG