Пайвандҳои дастрасӣ

Либосҳоямонро дар куҷо хушк кунем?


Акс моли Иброҳим Рустамов аст.

Акс моли Иброҳим Рустамов аст.

Иброҳим Рустамов, яке аз фаъолони Фейсбук, мушоҳидаҳои худро аз рӯзҳои зимистон ва шустану хушк кардани либосҳо дар баландошёнаҳои Душанбе навиштааст. Онро бихонеду андешаҳои худро ҳам бинависед.

Инак, он навиштаи Иброҳим Рустамов:

"Пас аз ду рӯзи барфрезӣ дар Душанбе офтоб дурахшон аст. Ба назар мерасад, ки мардум ин рӯзро мунтазир буданд, чун дар биноҳои истиқоматии баландошёна сару либосҳояшонро шуста овехтаанд.

Фикр мекунам, дар рӯзҳои “истироҳат” занҳо аз саҳар то бегоҳ ба либосшӯӣ ё рахтшӯӣ машғул мешаванд. Дар шаҳру навоҳии кишвар мардум аз сабаби маҳдуд будани нерӯи барқ дар фасли сармо либосҳояшонро бо душворӣ мешӯянд.

Марказҳои ба истилоҳ “химчисткаҳо” (хушкшӯии кимиёӣ) сабаби худхизматрасонӣ набудан, хеле гаронанд.

Хушк кардани либосҳо дар берун, хусусан, дар биноҳои баландошёна, фикр мекунам, ба зебу зиннати шаҳрҳо хуб нест. Пешниҳоде дорам, ки дар маҳаллаҳо махсус ландроматҳо сохта шаванд. Ландромат аз забони англисӣ – мошини хушкшуии худкор аст. Ландромат марказест, ки он ҷо мошинҳои шустушӣ ва хушксозӣ насб шудаанд ва ба таври худхизматрасонӣ фаъолият мекунанд.

Иброҳим Рустамов

Иброҳим Рустамов

Ландроматҳо дар Амрико ва бисёр кишварҳои Ғарб вуҷуд доранд ва мардум аз ин мунтазам истифода мебаранд. Мардум хокаи ҷомашӯиро худашон меоранд ё аз Ландромат харидорӣ мекунанд. Одатан мошинҳои шустушӯӣ ва хушккунӣ дар ҳолати гузоштани танга ба кор медароянд. Дар ҳолати набудани мошини либосшӯӣ, қувваи барқ ё вақт ин ландроматҳо бо нархи дастрас шустани сару либосро осон мекунанд. Ландроматҳо беш аз ҳама кори донишҷӯёнро осон мекунанд.

Мисли банкоматҳо ва мошинҳои пардохти маблағи хидматрасонии коммуналӣ ва телефонҳои мобилӣ хуб мешуд агар марказҳои шустушӯ ва хушксозии худхизматрасон дар шаҳрҳои Тоҷикистон боз мешуданд. Он вақт шаҳр зебо менамуд ва мардум, хусусан, донишҷӯён рӯзи истироҳати худро бо шустани либосҳо сипарӣ намекарданд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG