Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи пешини артиши Туркия зиндонӣ шуд


Илкер Бошбуғ

Илкер Бошбуғ

Додгоҳи Туркия ҳукми ҳабси фармондеҳи собиқи ситоди кули артиши ин кишварро содир кард. Генерали мустаъфӣ Илкер Бошбуғ баландтарин афсарест, ки дар иртикоби қазияи “Эргенекон” ба масъулият кашонда мешавад. Дар чаҳорчӯби ин қазия даҳҳо низомии фаъолу мустаъфии турк бо иттиҳоми таҳияи талоши кудато ва беобрӯ кардани ҳукумати ҳизби Адолат ва Тавсиъаи сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба додгоҳ кашонда шудаанд. Бошбуғ иттиҳомотро дар бораи даст доштанаш дар талоши кадом кудато радд мекунад.
XS
SM
MD
LG