Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Мавлуди Масеҳ аз сӯи православиҳои дунё


Медведев ва ҳамсараш дар намоиз идона
Медведев ва ҳамсараш дар намоиз идона
Рӯзи 7 январ миллионҳо пайрави калисои православӣ дар саросари ҷаҳон Мавлуди Исои Масеҳро ҷашн мегиранд. Дар намози идона дар калисои Исои Наҷотбахш дар Маскав 5 000 нафар, аз ҷумла раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ширкат карданд. Калисои православӣ ба далели корбурди тақвими юлианӣ, ки аз тақвими григорианӣ 2 ҳафта ақиб мемонад, Мавлуди Масеҳро дар таърихи 7 январ таҷлил мекунад. Намозҳои идона рӯзи шанбе дар Байтуллаҳми каронаи ғарбӣ, Искандарияи Миср ва шаҳрҳои дигари православнишин низ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG