Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Бан Кӣ Мун ба ҳалли танишҳои Ғарбу Эрон


Бан Кӣ Мун (Акс аз бойгонӣ)
Бан Кӣ Мун (Акс аз бойгонӣ)
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун хостори оддӣ сохтани танишҳо байни Эрону Ғарб бар сари фаъолиятҳои ҳастаии Теҳрон шуд. Ҷанги лафзӣ миёни Амрикову Эрон дар рӯзҳои охир афзуда, Теҳрон Вошингтонро алайҳи эъзоми киштиҳояш ба гулӯгоҳи стротегии Ҳурмуз ҳушдор додааст. Бан Кӣ Мун аз ҳарду ҷониб даъват кард, то ба манзури хатми танишҳо аз худ дареғ надоранд ва ихтилофотро аз роҳи гуфтугӯ ҳаллуфасл кунанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, Эронро мебояд, то табиати осоишта доштани аҳдофи ҳастаияшро собит кунад. Бан Кӣ Мун аз Эрон хост, то тибқи қатъномаҳои Шӯрои Амният, ки аз Эрон қатъи ғанисозиашро талаб дорад, амал кунад. Саркашии Эрон аз иҷрои қатъномаҳои СММ боиси эъмоли 4 даври таҳримоти ҷаҳонӣ алайҳи Ҷумҳурии исломӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG