Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз ду тани дигар аз танаффуси дуд


Рӯзи 6 январ бар асари сӯхтор дар пойтахти Тоҷикистон як марди 54-сола ҳалок шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Игор Куприенко, сокини ноҳияи Фирдавсии Душанбе дар натиҷаи танаффуси дуд ҷон бохта ва иллати сӯхтор ҳам ғолибан беэҳтиётии худи ӯ ба ҳангоми кашидани сигор будааст.
Ду рӯз пеш бар асари танаффуси дуди ангишт дар ноҳияи Шаҳринав Нусрат Асадов аз дунё гузашт. Ҳамсари ӯро дар ҳолати вахим ба бемористон бурдаанд. Танҳо дар як моҳи охир бар асари танаффуси дуди ангишт дар Тоҷикистон дастикам 10 нафар ҷон додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG