Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи раҳбари Чин ба Душанбе хоҳад омад


Чен Чжилӣ - фиристодаи хоси раиси Ҷумҳурии халқии Чин ва муовини раиси кумитаи парлумони он кишвар - рӯзи 11 январ вориди Душанбе хоҳад шуд. Сафари дурӯзаи Чжилӣ ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби силсиласафари ӯ ба Осиёи Марказист, ки 5 январ оғоз ёфт ва то 14 январ идома мекунад. Ҳадафи асосии ин сафар ширкат дар тантанаҳои бахшида ба солгарди 20-уми истиқрори равобити дипломатии Чин бо 5 кишвари Осиёи Марказист. Равобити расмӣ байни Душанбеву Пекин 4 январи соли 1992 оғоз ёфтааст .
XS
SM
MD
LG