Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як нафар ҳангоми фурӯхтани таслиҳот


Дар Душанбе як мардро бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии аслиҳа дастгир кардаанд. Ба навиштаи “Азия Плюс”, нақши “харидор”-ро дар ин муомила маъмурони интизомӣ бозӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури дохила, як марди бекори 27-сола мехост, 4 автомати Калашников, 2 пулемёт, 1 гранатомёт ва зери 3000 тиру муҳимоти дигари ҷангиро ба қимати ҳамагӣ 2500 доллар ба фурӯш бизанад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 824 мил аслиҳа, аз ҷумла 205 автомати Калашников, 154 туфангча, 71 гранатомёт ва 166 мил камонҳои мухталиф мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG