Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чеҳраҳои нав дар ҳукумат. Оё Шумо мешиносед?


Яке аз ҷаласаҳои ҳукумат

Яке аз ҷаласаҳои ҳукумат

Посухи сокинон ба суоли "дар 5 соли ахир чеҳраи наве дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон пайдо шуд?" мухталиф аст.

Агар як гурӯҳи мардум бовар доранд, ки дар ин муддат чеҳраҳои наве ҳам ба ҳукумати Тоҷикистон роҳ ёфта, муаррифӣ мешаванд, иддае дигар мегӯянд, дар панҷ соли гузашта ба ҷуз ҷой иваз кардани чеҳраҳои кӯҳан нафари дигареро надидаанд.

Бештари роҳгузарони хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон умедвори онанд, ки дар ҳайати ҳукумати кишвар чеҳраҳои нав, муаррифинашуда, аммо кордону заҳматкаш меоянд ва бо хидмати софдилонаи худ барои беҳтар гардидани зиндагии онҳо саҳм мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки бо шурӯи соли нави милодӣ "барканорӣ"-ву таъйини мансабдорон дар сатҳи болоии ҳукумати Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Ва мардуми огоҳ бо ишора ба нахустин тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукумат мегӯянд, ба назар мерасад, ки интизориву умедҳои онҳо имсол низ самарае ба бор нахоҳад овард.

Зеро ба қавли онҳо, соли ҷорӣ низ мисли солҳои пешин тағйироти кадрӣ бо усули "ҷойивазкунии донаҳои шатранҷ" сурат мегирад ва чеҳраҳои наве дар ин миён ба назар намерасад.

"Озодӣ" низ ба роҳгузарони хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо ин суол, яъне "Дар панҷ соли ахир оё кадом чеҳрае наве дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон пайдо шуд?" муроҷиат кард.

Посухи мардумро дар навори зер бубинед:



Оё Шумо, хонандагони торнамои "Озодӣ" дар ин марвид чӣ назаре доред ва оё дар ин панҷ сол чеҳрае буд, ки дар ҳукумати Тоҷикистон ба кор таъйин шуда бошад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG