Пайвандҳои дастрасӣ

Рустами Эмомалӣ. Футбол -- роҳе ба cӯи сиёсат?


Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ

Писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як маъракаи бидуни алтернатива президенти Федератсияи футбол интихоб гардид.

Иддае бо таъкиди дастрасии ӯ ба манобеи молӣ интихобашро барои соҳаи варзиш, махсусан футбол, фоли нек хонданд. Бархе ҳам бо ишора ба мақоли “ҳама роҳҳо ба сӯи Рум мебаранд” таваҷҷӯҳи писари раиси ҷумҳур ба варзишро ҳаваси муваққатӣ ва саранҷом ворид шудани ӯ ба саҳнаи сиёсатро як барномаи тарҳрезишуда унвон карданд.

Коршиноси тоҷик Муҳаммадёқуби Нарзулло мегӯяд, бардоштҳои зоҳирии ҷомеа аз болоравиҳои писари раисҷумҳур ва ҳузури васеи ӯ дар давлатдорӣ хеле сатҳӣ ва соддалавҳона аст, зеро роҳе, ки падар паймуд аз ҷодаи ӯ фарқ дорад: «Агар кас писари президент аст, ин маънои онро надорад, ки ӯ президент хоҳад буд. Барои ин ҷомеа ҳам бояд бо чашми сар бубинад, ки ӯ арзанда ҳаст ё не, яъне то ин замон чӣ кор кардааст, ки бояд президент шавад. Ҳар чӣ бошад, Тоҷикистон кишвари демокративу ҳуқуқбунёд аст, на шоҳигарӣ.»

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ

Аммо оқои Нарзулло ҳамчунин гуфт, агар Рустами Эмомалӣ дар соҳаҳои таҳти назари худ муваффақ шавад, ҳақ хоҳад дошт ба ҳар вазифаи шоиста таъйин ё баргузида шавад.

Вазифаҳои зиёди ҷамъиятиву ҳукуматии Рустами Эмомалӣ бозгӯи он аст, ки таҳиягарони зинаҳои ҳирфаии ӯ мехоҳанд, писари раиси ҷумҳур дар ҷомеа нақши бештар дошта бошад ва исмаш аз матбуот дур нашавад. Бо он ки писари раиси ҷуҳур 24 сол дорад, аллакай чанд зинаи муҳимеро тай кардааст, ки барои шаҳрвандони оддӣ имконнопазир мебошад.

Ӯ Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, узви Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе буд ва муовини раиси Созмони ҷавонон аст. Созмони ахирӣ ҳақ дорад ба раёсатиҷумҳурӣ низ номзад пешниҳод кунад.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ то соли гузашта сарвари раёсати соҳибкории хурду миёнаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол буд ва ҳоло сарвари Раёсати мубориза алайҳи қочоқ ва нақзи қавоиди гумрук дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аст.

Ин воқеият, ки фарзандони мақомоти баландпоя ба осонӣ мақому мансабҳои баландро соҳиб мешаванд ва дар баъзе мавридҳо ҷойи падарро ишғол мекунанд, ба ҷомеаи Тоҷикистон писанд нест. Ҳоло, ки писари раиси ҷумҳур мақоми баландеро дар соҳаи варзиш соҳиб шудааст, мардум суол мегузоранд, ки чаро аз пешравии ӯ дар соҳаҳои дигар, ки то ҳол таҳти назар доштааст, гузорише пахш намешавад.

Як мақоми баландпоя, ки нахост, номаш зикр шавад гуфт, баъд аз таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба мансаби сарвари як бахши муҳими гумруки кишвар, бебандуборӣ дар вуруду хуруҷи молу коло хеле коҳиш ёфт. Ӯ афзуд: ”дар тиҷорати хориҷӣ, бархе афроди ба истилоҳ, «зӯру пуштдор» дар марзҳо молиёт намедоданд ва ҳам зӯри мақомоти гумрук ба онҳо намерасид, аммо бо сари кор омадани писари президент, ин мушкилот рафъ шудаанд.”

Ӯ дар ҳоле ба мақоми президенти ФФТ интихоб шуд, ки соҳаи футболи тоҷик тавону малакаи қаблии худро аз даст дода, клубҳои он бештар бо шеваҳои музофотӣ бозӣ мекунанд. Тими “Истиқлол”, ки Рустами Эмомалӣ аз он пуштибонӣ мекунад, авохири соли гузашта бохтҳои чашмгир дошт ва мухлисони футболро ба ояндаи ин намуди вазиш дар кишвар дилсард кард. Ин дар ҳолест, ки дастаи миллии футболи Тоҷикистон низ асосан аз бозигарони "Истиқлол" таркиб ёфта, бохтҳои паёпаи он бо ҳисобҳои сенсатсионӣ ихлоси бисёре аз мухлисонро шикаст.

Аммо коршиносон мегӯянд, ҳар созмону идора дар Тоҷикистон орзу мекунад, ки дар симои писари раиси ҷумҳур “сипар” дошта бошад ва соҳаи таҳти назари худро каме ҳам бошад обод кунад. Аз ин рӯ, сабқат барои ҷалби ӯ ба соҳаҳои мухталиф ҳамеша ҷараён дорад.

Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик

Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик

Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд: «Ин ки Рустами Эмомалӣ имрӯз дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ба сифати як шахси таъсиргузор шинохта мешавад, ҷои баҳс нест. Аммо ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки дар кадом самт аз ӯ истифода кунанд. Дар кул зарфиятҳои ӯ ҳанӯз барои ҷомеа рӯшан нашудаанд, зеро доираҳои алоҳида мехоҳанд, аз ӯ ба сифати як ҳакам ё шахсе, ки метавонад, баҳсҳои аз назари онҳо мушкилро ҳал кунад, таваққӯъ доранд.»

Коршиносон мегӯянд, таҷрибаи олами араб ин ҳақиқатро собит кардааст, ки бо вуҷуди ҳама тавону имкониятҳо, писарони раҳбарони аввал на ҳамеша ҷойгузини падар шудаанд. Аз давлатҳои собиқ Шӯравӣ танҳо кишваре, ки дар он ҷойгузини падар шуд, Озарбойҷон буд. Аммо Илҳом Алиев, фарзанди Ҳайдар Алиев замоне мақоми раёсатро гирифт, ки дунё дигар буд. На инқилобҳои ранга рӯй додаву на касе ибораи "Баҳори араб” шунида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG