Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 сарбози НАТО ва 7 шаҳрванд дар Афғонистон кушта шуданд


Панҷ сарбози НАТО ва ҳафт шаҳрванди Афғонистон дар воқеаҳои ҷудогона дар ҷануби ин кишвар кушта шудаанд. НАТО мегӯяд, чаҳор сарбозаш дар таркиши бомбаи сарироҳӣ дар Қандаҳор ва яки дигар дар даргирие низ дар ин минтақа ба ҳалокат расидаанд. Фарид Айил, сухангӯи полиси вилояти Орзугон гуфт, як кӯдак ва як пирамард дар таркиши қуттии партов дар шаҳри Тиринкот кушта ва чаҳор кӯдаки дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG