Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки ҷомеаи Тоҷикистон беш аз пеш ҷалби ҷавонҳон ба мансабҳои давлатиро матраҳ мекунад, теъдоди куҳансолон дар ҳукумат то рафт кам мешавад.

Акнун дар телевизионҳо мансабдорони солмандро метавон дид, ки бо чеҳраҳои зоҳиран ҷавонтар намудор мешаванд. Онҳо синнусоли худро дар паси мӯйҳои рангдода пинҳон мекунанд. Дар гузашта сиёсатмадорон ва мансабдорон бештар ба шакли табии худ зоҳир мешуданд ва барои ҷавонтар нишон додани худ аз ороишҳои сунъӣ истифода намекарданд. Ин кор асосан ба ҳунарпешагони солхӯрда хос буд ва аҷаб ҳам наметофт, зеро тафовути онҳо аз симои саҳнавияшон зиёд чашмрас нест.

Аммо ҳоло аксари мансабдорон, вазирону кабирон, зиёиён ва аҳли тиҷорату савдо ба мӯи худ ранг мезананд, то ба назар ҷавонтар биёянд. Агар барои мардҳои тоҷиру соҳибкор ин амр ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ анҷом шавад, мӯи рангшудаи мансабдор метавонад, хоҳиши ӯро ба мансабдории дарозтар нишон диҳад.

Хабарнингори тоҷик Шаҳрзоди Амин мегӯяд, мӯи сиёҳи мақомдорон нишони ҷавонӣ, ғайрат, ташаббус ва муносиб будан ба мансаб аст. Вай аз рафти маъракаҳои муҳими сиёсӣ мисли интихобот мисол меорад, ки аксари номзадҳои солдида дар арафаи мулоқот бо интихобкунандаҳо мӯйи худро сиёҳ мекунанд.

"Марде, ки синнусолаш ба ҷойе расидааст муйи сараш сафед аст ва дар кадом як идораи давлатӣ кор мекунад ё дар пеш интихобот дорад, муйи сарашро ба он хотир сиёҳ мекунад, ки фикр мекунад, агар сараш сафед бошад, ӯро пир гуфта интихоб намекунанд.Барои ҳамин сарашро сиёҳ мекунад, ки синнусолашро пойинтар ва худро ҷавонтар нишон диҳад. Ба андешаи ман, сабаби мӯйи сари худро сиёҳ кардани кормандони давлатӣ дар ҳамин аст.»

Албатта, ин ҳақиқат ҳам ҷой дорад, ки дар ду даҳаи охир мӯйи мардҳо дар Тоҷикистон босуръат ва пеш аз вақт сафед мешавад ва бисёр афроди 30-35-соларо метавон дид, ки аллакай сарашон сафед аст. Аммо на ҳамаи онҳо, махсусан, касоне ки мансабу даъвое надоранд, ба ранг кардани мӯй рӯй меоранд.

Мансаб додан ба мардуми солманд, мероси давраи шӯравист, ки ҳоло низ дар кишварҳои пасошӯравӣ истифода мешавад. Баъзе давлатҳои собиқи ин иттиҳод аз ин шева даст кашида, бо ҷалби ҷавонҳо ба мансабҳои масъул бурд ва пешрафт кардаанд. Аммо на Тоҷикистон ва на Осиёи марказӣ.

Рустам, як мансабдори давлат, ки ранги мӯйи худро сиёҳ кардааст, аз суоли мо, дар бораи ранги мӯй хушаш наомад. Аммо гуфт, ки мӯи рангкардаи ӯ ҳеҷ рабте ба синну солаш надорад ва танҳо аз завқи ӯ маншаъ мегирад.

«Ман дар давраи шӯравӣ ҳам мӯйи сарамро сиёҳ мекардам, ин аз рӯйи хоҳиши худам аст, на ин ки ба дигарон худамро ҷавон ё зебо нишон диҳам...»

Дар зимн, ранги сиёҳу хурмоӣ задан ба мӯй танҳо хоси вазирону кабирони тоҷик нест, балки мақомҳои баландпоя дар кишварҳои гуногун низ мӯйи худро ранг мекунанд. Барои намуна, нахуствазири Русия Владимир Путинро метавон гуфт, ки дар чанд соли заҳматҳои президентиву нахуствазирӣ ягон тори мӯяш сафед нашуда, баръакс солҳои ахир ожангҳои рӯяш низ комилан гум шудаанд. Ӯ бо ҷавонҳо мисли ҳамсоли онҳо сӯҳбат мекунад ва пайваста нишон медиҳад, ки ба истилоҳ "аз сад гулаш ҳанӯз яке ҳам нашукуфтааст".

Ранг кардани мӯй ё ҳино бастан ба он ба сиёсатмадорони Ҳинду Покистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ низ хост аст. Бархе ранги сурхи баланд ё норанҷиро интихоб мекунанд, ки бояд аз тундии характери онҳо хабар диҳанд.

Аммо нуктаи ҷолибе ин ҷо ниҳон аст. Мансабдорони шарқӣ ва аз ҷумла тоҷик дар ҳоле ки ба ранги мӯй аҳамияти зиёд медиҳанд, вазни изофиро, ки рӯшантарин нишонаи солмандӣ ва баёнгари хислату характери инсон аст, ба назар намегиранд.

Қудратбек Абдуваҳҳобов, ҳамсӯҳбати дигари мо, мегӯяд, мардумро наметавон бо ранги сиёҳи мӯй гӯл зад ва нишон дод, ки ҳоло ҳам коре аз дастат бармеояд. Тарзи сухан, маънии он ва эътимоди гӯянда ба ҳарфи хеш садҳо бор бештар аз ранги мӯй метавонанд, касро муаррифӣ кунанд.

Ҳамсӯҳбати дигари мо бонуи Нозанин, мегӯяд дар Афғонистону Эрон, борҳо дидааст, ки мардон ба мӯйу абрӯвонашон, на танҳо ранг, ҳатто ба хотири ҷило ва дурахш аз маводҳои ороишӣ истифода мекунанд, мӯйи абрӯвони худро мечинанд, то дар чашми ҷомеа шику зебо намоянд. Нозанин пинҳон намедорад, ки шавҳари худаш ҳам муйи сарашро ранг мекунад: «Ман аз як нафар шунидам, ки даҳ сол пеш мӯйи сари шавҳари ман сафед будааст, аммо аз рӯзе ман ӯро медонам, мӯяш сиёҳ аст. Намедонам, кай ба мӯяш ранг мемолад, ки ман ҳеҷ гоҳ инро надидаам.”

Нозанин ҳеҷ гоҳ аз шавҳараш напурсидааст, ки чаро мӯяшро ранг мекунад. Зимнан аз чунин суол дар чеҳраи ҳамаи ҳамсӯбатҳои мо чӣ вазиру чӣ тоҷир ва чӣ ҳунарманд сурхии шарм ҳувойдо мешуд. Як хабарнигори расонаи давлатӣ, ки ҳамеша дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ иштирок мекунад, бо шӯхӣ гуфт, ки акнун дар байни аксарияти сарсиёҳҳо мӯи сафеди Ҳамроҳхон Зарифӣ ба як дидан ба чашм мехӯрад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG