Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳид: Тахриби роҳи оҳан дар Амузанг терроризм нест


Роҳи оҳани Узбакистон ба асари ҳамлаи террористӣ тахриб нашудааст. Ин хулосаи хабарнигори торнамои Евразиянет.орг аст, ки ҷои воқеаро дидааст. Вай мегӯяд, худи роҳи оҳан аз таркиш ҳеҷ осеб надида, танҳо дар яке аз се сутуни чаҳор пояи пул, ки ҳар кадом сесутунӣ дорад, харошҳое ба назар мерасад, ки на дар асари таркиш, балки, ба гуфтаи кормандони роҳи оҳан, ба сабаби садамаи трактор ба сутун пайдо шудаанд. Дар як сӯи ин пул сарбозхона ва дар сӯи дигараш гузаргоҳи марзӣ мавҷуд буда, пул ҳамеша зери назар аст ва атрофи он дашт буда, ҷое барои пинҳон шудан надорад. Мақомоти Узбакистон 11 ноябр хабар доданд, ки бар аасари ҳамлаи террористӣ пули роҳи оҳан дар қитъаи Амузанг тахриб шудааст ва биноан ҳаракати қаторҳо дар ин масир, ки ба самти Тоҷикистон меравад, қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG