Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии ҷавонони тоҷик ба Ҷоми Иттиҳод-2012


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2012 ширкат хоҳад кард.

Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 19-ум то 29-уми январ дар толорҳои варзишии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад.

Дар Ҷоми Иттиҳод барои бори аввал дастаҳои мунтахаби ҷавонони 11 кишвари Ҷомеаи Маштаракулманофеъ, инчунин, тими мунтахаби ҷавонони Эрон ширкат меварзанд.

Бар асоси қуръакашӣ, футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Литва ва Эрон рақобат хоҳанд кард.

Бар асоси тақвими бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 20-уми январ бо тими Литва, 21-уми январ бо дастаи Беларус ва 23-юми январ бо тими Эрон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Русия, Қазоқистон, Эстония, Туркманистон ва ба гурӯҳи “B” тимҳои Украина, Молдова, Қирғизистон ва Латвия дохиланд.

Салоҳиддин Ғафуров
Салоҳиддин Ғафуров
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати даста 25 футболбози синнашон то 21-сола аз 6 бошгоҳи футболи лигаи олии кишвар даъват шудаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Миралӣ Муродов (“Энергетик”), Фаррух Бердиев (“Парвоз”);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев (“Шинник”), Эраҷ Раҷабов (“Истиқлол”), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Сергей Абрамов (ҳарсе - “Вахш”), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”), Адиб Мародмамадов (“Энергетик”), Манучеҳр Аҳмадов (“Парвоз”);

Нимҳимоятгарон: Самад Шоҳзуҳуров, Бахтиёр Чориев, Абдусамад Ҳоҷибоев (ҳарсе - “Энергетик”), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарду - “Истиқлол”), Сафархон Мирзоев, Аҳтам Назаров (ҳарду - “Энергетик”), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёри Салим (ҳарсе - “Вахш”), Расул Файзов (“Регар-ТадАЗ”), Комрони Мирзохон (“Вахш”);

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров, Фирӯз Бобиев (ҳарду - “Истиқлол”), Давронҷон Тухтасунов (“Регар-ТадАЗ”), Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”).

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00
Линки мустақим


Ҷаноби Ғафуров афзуд, ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 8-ум то 17-уми январ дар шаҳри Норак баргузор мешавад ва пас аз анҷоми ҷамъомад 20 нафар ба ҳайати дастаи мунтахаб шомил хоҳанд шуд.

Вале сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар шаҳри Норак толори болопӯшидаи варзишии дорои майдони чаманаш сунъӣ мавҷуд нест. Бинобар ин футболбозон дар майдони кушода тамрин хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG