Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз нав дар Ҳурмуз размоишҳо анҷом медиҳад


Фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон эълом дошт, ки кишвараш ба зудӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз тамринҳои нави бузурги ҳарбӣ баргузор хоҳад кард. Гуфта мешавад, ин тамрин дар моҳи феврал ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Адмирал Алӣ Фадавӣ гуфтааст, ин размоиш аз тамринҳои қаблӣ фарқ хоҳад кард. Машқҳои даҳрӯзаи Эрон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз дар авҷи фишори байнулмилалӣ ба Теҳрон сари барномаи баҳсбарангези ҳастаии он рӯзи 2-юми январ ба поён расид. Иёлоти Муттаҳида ин тамринҳоро аломати заъфи Ҷумҳурии Исломӣ унвон кард.
XS
SM
MD
LG