Пайвандҳои дастрасӣ

Андешаи нав: Бояд на шахсҳо, балки сиёсатҳо ва тавонмандиҳоро тағйир дод.

Мардуми қаторӣ хабарҳои барканории шахсе аз мақоми давлатӣ ё таъини нафаре ба мансаби дигарро баҳои гуногун медиҳанд. Як қисми одамон мегӯянд, аз ин тағйирҳо чизе дар зиндагии кишвар ва мардум иваз намешавад, зеро солҳост, чеҳраҳои маълуме аз мансаб ба мансаб “меҷаҳанд”, аммо вазъ яксон мондааст.

Вале ҳамсӯҳбатони дигари мо мегӯянд, агар шахси арзандае ба мақоме расад, ӯ метавонад, ақаллан дар ҳамон соҳа пешравие ба вуҷуд орад. Ин нуктаро савумиҳо рад мекунанд. Онҳо бар инанд, ки бояд сиёсатҳо тағйир кунанд ва салоҳияти мансабдорони давлат густариш ёбад.

Чаҳорумиҳо мегӯянд, барояшон фарқ надорад, киҳо меоянду киҳо мераванд, ба шарте ки музди кор боло равад, нархҳо қобили таҳаммул бошанд ва заҳмати онҳо “ба назар гирифта шавад”. Беҳтар аст, худ ин наворро, ки дар кӯҳаҳои барфолуди Душанбе бардошта шудааст, то охир бубинед:



Агар фикру андешае буд, ки дар ин навор садо надод, Шумо ҳоло имкон доред, ақида ва назари наверо барои ҳамагон расонед. Барои ин кофист ба пурсише посух диҳед, ки тағйирот дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2012 ба вазъи кишвар ва рӯзгори Шумо таъсир хоҳад дошт?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG