Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноқаноатмандии мухолифони Сурия аз нозирони Лигаи Араб


Мухолифони Сурия аз Созмони Милал хостаанд, ба нозирони Лигаи Араб, ки талош доранд, пеши роҳи хушунат дар Сурияро бигиранд, кӯмак кунад. Мудири равобити байнулмилалии Шӯрои миллии Сурия Валид Элбенӣ пас аз мулоқот бо дабири кулли Лигаи Араб Нобил Эларабӣ ба хабарнигорон гуфт:

"Мо аз Лигаи Араб дархост кардем, ки агар барои онҳо ҳимояи мардуми мо мушкил аст, бояд бо Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳамкорӣ кунанд. Лигаи Араб бояд бигӯяд, ки он дар ҳифзи мардуми Сурия мушкил дорад ва биноан аз Шӯрои Амният дарёфти механзимҳои ҳимояи мардуми Сурияро дархост намояд,”

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки сарвазири Қатар, Ҳамад бин Ясим ҳамчун раиси Кумитаи Лига дар масоили Сурия гуфт, нозирон ба “бархе аз иштибоҳҳо” роҳ додаанд. Аммо ӯ имкони хуруҷи нозиронро рад кард. Ҳукумати Сурия дар ин байн эълом дошт, ки 500 маҳбусро озод кардааст. Моҳи гузашта он 700 нафари дигарро раҳо карда буд. Мухолифон мегӯянд, наздик ба 10 000 нафар дар боздошт ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG