Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Жанаозен интихоботи порлумонӣ баргузор намешавад


Шӯрои қонуни асосии Қазоқистон баргузории интихоботи порлумониро дар шаҳри Жанаозен, ки моҳи гузашта ба саҳнаи хушунатҳо табдил ёфта буд, номумкин шуморид. Раиси Шӯро Игор Рогов гуфт, вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ дар шаҳр идома дорад ва таъмини амнияти раъйдиҳандагон кори душвор хоҳад буд. Дар тазоҳуроти якмоҳаи коргарони ширкати нафт, ки рӯзи 16-уми декабри соли гузашта ба хушунат печид, ба камияши 17 нафар кушта ва чандин тан захмӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол қарор аст, 15-уми январ дар Қазоқистон интихоботи порлумонӣ баргузор гардад.
XS
SM
MD
LG