Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳари Тимошенко хостори паноҳандагӣ дар Чехия шуд


Олександр Тимошенко, шавҳари Юлия Тимошенко дар паси сари ҳамсараш.
Олександр Тимошенко, шавҳари Юлия Тимошенко дар паси сари ҳамсараш.
Як рӯзномаи чехӣ хабар дод, ки шавҳари сарвазири пешин ва маҳбуси Украина, Юлия Тимошенко, дар Ҷумҳурии Чех паноҳгоҳи сиёсӣ дархост кардааст. Дар ҳоле ки хабаргузории Ройтерз низ ба нақл аз мансабдори давлати Чех ин хабарро нашр кардааст, сухангӯи Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Чех, Павел Новак ба Франс-Пресс мегӯяд, кишвараш дархостҳои паноҳандагиро шарҳ намедиҳад. Бино бар хабарҳо Олександр Тимошенко, соҳибкори 51-сола, кибо Ҷумҳурии Чех низ ҳамкорӣ мекунад, дар охири соли гузашта аз ин кишвар паноҳандагӣ дархост намуд. Рӯзномаи “Право” менависад, вазоратҳои умури хориҷӣ ва дохилии чех ин масъаларо рӯзи панҷшанбе баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG