Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари Ҳукумов, раиси ширкати "Роҳи оҳан" озод шуд


Бино бар хабарҳо, Рустам Ҳукумов, писари Амонуло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон аз зиндон дар Русия раҳо шудааст. Додгоҳи Шелковои вилояти Маскав Рустам Ҳукумовро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир моҳи сентябри соли 2010 ба нӯҳуним соли зиндон маҳкум кард. Дар ҷараёни бӯҳрони мавсум ба халабонҳо дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта, бархе аз манобеъ боздошти онҳоро дар Тоҷикистон роҳе барои табодула бо Рустам Ҳукумов шумурда буданд, вале мақомоти Тоҷикистон ин фарзияҳоро рад мекарданд. Сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ боздошт ва ҳукми Рустам Ҳукумовро тасдиқ, аммо ҳама гуна пайванди бӯҳрони халабонҳоро ба ин ҳодиса рад карда буд
XS
SM
MD
LG