Пайвандҳои дастрасӣ

Писари Ҳукумов озод шуд


Зиндони шумораи дуввуми шаҳри Маскав (акс аз бойгонӣ)

Зиндони шумораи дуввуми шаҳри Маскав (акс аз бойгонӣ)

Додгоҳи вилояти Маскави Русия Рустам Ҳукумов - писари Амонулло Ҳукумов, раиси Идораи «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистонро аз зиндон озод кардааст.

Константин Рибалов-як тан аз вакилони дифоъ дар Русия, ки ҳимояти ҳуқуқии Рустам Ҳукумовро дар додгоҳ бар ӯҳда доштааст дар ин бора дар торнамои худ маълумот додааст.

Ба навиштаи ҷаноби Рибалов, ба дунболи шикояти ӯ аз ҳукми додгоҳи шаҳрӣ, ки Рустам Ҳукумовро дар қочоқи маводди мухаддир муҷрим шинохта буд, Додгоҳи Олии Русия бозбинии парвандаи ҷиноии Рустам Ҳукумовро дар ихтиёри додгоҳи вилояти Маскав вогузор кард.

Ҷаласаи бозбинии парвандаи мазкур аз сӯи ҳайати раисаи додгоҳи вилояти Маскав ба таърихи 28-уми декабри соли гузашта сурат гирифт ва ба таъйиди вакили дифои Рустам Ҳукумов, дар ҷараёни мурофиа иттиҳомоти ворида ба нафари зери ҳимояти ӯ тасдиқи худро наёфт ва ба ин далел додгоҳ ҳукми бегуноҳии Рустам Ҳукумовро содир намуд.

Ва аммо дар моҳи сентябри соли 2010 додгоҳи шаҳри Шелковои вилояти Маскав Рустам Ҳукумовро ба нӯҳуним соли зиндон маҳкум карда буд. Шикояти Рустам Ҳукумов ва вакили дифои ӯ аз болои ин ҳукмро додгоҳи вилояти Маскав дар моҳи декабри ҳамон сол ба баррасӣ гирифт, вале он замон радд шуда буд. Бино ба қавли мақомоти Русия, Рустам моҳи июни соли 2008 ҳамроҳ бо се тани дигар ҳангоми ба фурӯш омода кардани 9 кило маводи мухаддир боздошт шуд.




Исми Рустам Ҳукумов тирамоҳи соли гузашта, ҳангоме ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати русии “Ролкан”-ро ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард, рӯи забонҳо омад. Ҳарчанд то он замон матбуоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи боздошт ва ҳукми зиндони писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, ҳарфе нагуфта буданд.

Бархе аз расонаҳои Русия он замон навишта буданд, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад бар ивази Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабони ширкати Cадовничий ва Руденко

Cадовничий ва Руденко

русӣ, Рустам Ҳукумовро, ки аз наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон хонда мешавад, озод намоянд.

Аммо Вазорати умури хориҷии Русия воқеияти иваз кардани Садовничий ва Руденко бо Рустам Ҳукумовро рад карда буд. Максим Пешков, як мақоми вазорати корҳои хориҷии Русия бо такзиби ин хабар гуфта буд, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гуна дархост дар бораи табодули халабонҳо бо Рустам Ҳукумов ироа нашудааст.

Константин Рибалов, вакили дифои Рустам Ҳукумов, ки мо ӯро дар яке аз истироҳатгоҳҳои кӯҳии Италия пайдо кардем, иртибот додани парвандаи нафари зери ҳимояташ ба қазияи халабонҳои русиро нодуруст хонд.

Константин Рибалов тасдиқ кард, ки айбномаи Рустам Ҳукумов комилан лағв гардида, тибқи қарори додгоҳ, ӯ ҳақ дорад барои пурра сафед шудан аз гуноҳ ариза нависад.

Муттассифона тамоси телефонӣ дар минтақаи куҳӣ хуб набуд, нисфи ҳарфи моро ӯ намешунид ва нисфи ҳарфи ӯро мо: «Ман ҳоли ҳозир дар Москва нестам ва ҳарфҳои шуморо ҳам хуб шунида наметавонам, вале ба муҷарради баргаштан, маълумоти бештарро дар ихтиёри шумо хоҳам гузошт»

Тавре ӯ гуфт, рӯзи душанбе дар бораи ин парванда тафсилоти бештар медиҳад.

Аммо дар торнамои худ, ҷаноби Рибалов навиштааст, ки тайи ин ҳама муддат ӯ ба зинаҳои гуногуни додгоҳи Русия Амонуллоҳ Ҳукумов

Амонуллоҳ Ҳукумов

шикоят бурда ва ахиран муваффақ шудааст, ки бар бегуноҳии нафари зери ҳимояташ додгоҳро мутақоид созад. Вай афзудааст, ки ин як баҳси додгоҳӣ буд ва мақомот на дар Тоҷикистон ва на дар Русия мудохила ба ҳалли ниҳоии онро надоштанд.

Ва аммо Амонулло Ҳукумов-яке аз афроди бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон ва аз наздикони раиси ҷумҳур ба ҳисоб меравад, ки аз чанд сол ба ин сӯ раёсати Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистгнро бар ӯҳда дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG