Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон Ғарбро барои "ҷанги иқтисодӣ" муттаҳам кард


Шамсиддин Ҳусейнӣ-вазири иқтисоди Эрон

Шамсиддин Ҳусейнӣ-вазири иқтисоди Эрон

Эрон мегӯяд, ки Ғарб аз роҳи ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ бо Эрон “ҷанги иқтисодӣ”-ро пеш мебарад. Пештар намояндагони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки онҳо роҷеъ ба манъи вуруди нафти Эрон ба кишварҳои узви ин иттиҳодия ба тавофуқоти пешакӣ даст ёфтаанд. Шамсиддин Ҳусейнӣ-вазири иқтисоди Эрон ба хабаргузории IRNA гуфт, “душманони ҷумҳурии исломӣ” натавонистанд “миллати Эронро занҷирбанд кунанд, акнун мехоҳанд иқтисодро занҷирбанд кунанд”. Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон зимни суханони худ дар як нишасти хабарӣ бо Аҳмет Довутуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия дар Теҳрон гуфт, “Эрон ҳамеша омада аст ба чунин аъмоли душманона ҷавоб диҳад ва мо аз ин гуна таҳримҳо нигарон нестем”. Вазири корҳои хориҷаи Фаронса гуфтааст, вазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо 30 январ таҳримҳои зидди Эронро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG