Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мавҷи нави кушторҳои Ироқро маҳкум кард


Виктория Нуланд

Виктория Нуланд

Амрико мавҷи нави бамгузориҳои Ироқро маҳкум кард. Дар ин бамгузориҳо пайравони мазҳаби шиа ҳадаф қарор гирифтанд, ки дастикам 72 нафар кушта, бештар аз 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Виктория Нуланд-суухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ин ҳамлаҳо “талошҳои навмедонаи ононест, ки мехоҳанд ақрабаки соатро ба ақиб гардонанд”. Дар як ҳамлаи маргталабона, ки дар наздикии Носирия зоирини шиа ҳадаф қарор гирифта буданд, 38 нафар кушта шудааст. Дар Бағдод низ чанд инфиҷор рух додааст ва дутои он дар маҳаллоти шианишини Садр ва Қадимия анҷом гирифтааст. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки хусумати пайравони шиа ва суннӣ нигарониҳоро ба бор овардааст. То ҳол касе ё нируе масъулияти ин табаҳкориҳоро бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG