Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 кушта дар муноқишаҳои қавмии Нигерия


Дар як ҳамла ба калисое дар Нигерия 6 нафар кушта, 10 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Кашиши калисо гуфт, хонуми вай ҳам дар миёни кушташудагон будааст. Ба гуфтаи вай, мардони мусаллаҳ дар калисои Насарава дар шимоли Нигерия ба сӯи одамон оташ кушодаанд. Бими он меравад, ки дар ин кишвари пурнуфуси Африқо муноқишаҳои мазҳабӣ авҷ гирад ва чунин ҳамлаҳо афзоиш ёбад. Чанд рӯз пеш гурӯҳи исломии Боко Ҳарам ба масеҳиён се рӯз мӯҳлат дод, ки шимоли Нигерияро тарк кунанд, вагарна кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG