Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиятҳои нахуствазир ва муовини аввал афзоиш меёбад


Бо таини Матлубхон Давлатов ба мақоми муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон салоҳиятҳои нахуствазир ва муовини аввали вай бештар шудааст. Нахуствазир фаъолияти вазоратхонаҳо, кумитаҳои давлатӣ ва соири сохторҳои идораи умури давлатиро зери назорати худ мегирад. Нахуствазир ҳамчунин дар арсаи байналмиллалӣ аз номи ҳукумат намояндагӣ мекунад ва дар асноди байниҳукуматӣ имзо мегузорад. Муовини аввали нахуствазир раҳбарии бахшҳои иқтисодиро дар ихтиёр хоҳад дошт. Сиёсати будҷетӣ ва андозро ҳамоҳанг мекунад, ҷалби сармояҳо, сохторҳои гумрук, моликияти давлатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии байналмиллалиро зери назорат хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG