Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар Тошканд масъалаи газро ҳал мекунад


Як ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба сарпарастии Муродалӣ Алимардон-муовини нахуствазири ин кишвар 5 январ ба Тошканд сафар кард, то бо Узбакистон масъалаи интиқоли газ ба Тоҷикистонро ҳал кунад. Ба ин ҳайат раиси ширкати “Барқи тоҷик”, раиси “Тоҷиктрансгаз”-муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва кормандони дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд. Ҳайат дар Тошканд масъалаи интиқоли газ барои соли ҷориро баррасӣ мекунад. Пешбинӣ шудааст, ки барои соли 2012 Тоҷикистон аз Узбакистон 240 миллион метри муккааб газ бигирад. Узбакистон 4 январ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ карда буд.
XS
SM
MD
LG