Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти этирозӣ барои Тимошенко дар назди зиндон


Тазоҳурот барои Тимошенко
Тазоҳурот барои Тимошенко
Ҷонибдорони Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина дар назди зиндоне, ки дар он Юлия нигаҳдорӣ мешавад, тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд. Вай 30 декабр аз зиндоне дар Киев ба зиндони шаҳри Харков интиқол дода шуд. Тимошенко дар давраи нахуствазириаш дар соли 2009 барои имзои қарордоди газ бо Русия ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҷонибдоронаш дар назди зиндон хитоб ба вай чунин шиор медоданд: “Юлия мо бо ту ҳастем”, “Юлия духтари мо, ҳамаи Украина ба ту таъзим мекунад”. Вакили мудофеъ мегӯяд, ки саломатии Тимошенко бад шудааст, вале ҳукумат иддао дорад, ки саломатии вай хуб аст.
XS
SM
MD
LG