Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад, ҳаво сард мешавад


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар аксари манотиқи Тоҷикистон ҳавои сард ва бориши барф дар назар дошта шудааст.

Дар Душанбе то нисфирӯзӣ бориши барф пешбинӣ шудаааст. Рӯзона ҳаво 4-1 дараҷа сард мешавад. Шабона сардӣ ба 8 дараҷа мерасад.

Дар Хуҷанд бориш дар назар нест. Ҳаво рӯзона аз 1 то 4 дараҷа гарм, вале шабона сард мешавад ва ҳарорат ба 5-7 дараҷаи поини сифр мерасад.

Дар Кӯлоб бориши борон ва барф пешгӯӣ шудааст. Ҳаво хунук мешавад. Рӯзона 2-5 дараҷа, шабона 6-12 дараҷа хунук хоҳад шуд.

Дар Қурғонтеппа низ бориши барфу борон дар назар аст ва ҳаво рӯзона 1-4 дараҷа гарм, шабона 3-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар Хоруғ барф меборад. Рӯзона ҳаво 2-6, шабона 6-12 дараҷа хунук мешавад.
XS
SM
MD
LG