Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифои Тимошенко ба Додситонии кулл шикоят бурд


Юлия Тимошенко дар ҳамин маҳбас нигаҳ дошта мешавад
Юлия Тимошенко дар ҳамин маҳбас нигаҳ дошта мешавад
Сергей Власенко, вакили дифои нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко, аз интиқоли фарди таҳти зери ҳимояташ аз боздоштгоҳи Киев ба маҳбаси шаҳри Харков ба Додситонии кулли кишвар шикоят бурд.

Имрӯз тақрибан сад тан аз ҷонибдорони Тимошенко дар канори маҳбаси Харков намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо “Озодӣ ба Юлия!” “Нест бод ҳукумат!” шиор мезаданд. Аз ин пеш додгоҳи маъмурии Харков дархости ҷонибдорони Тимошенко барои дар канори маҳбас хайма задан ва баргузории намоиши эътирозиро рад кард.

Моҳи октябри соли гузашта як додгоҳи шаҳри Киев Юлия Тимошенкоро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Тафтишот собит кард, ки имзои қарордоди 10-солаи газ бо Русия дар соли 2009 аз сӯи ӯ ба Украина хисороти зиёд овардааст. Бо ҳукми додгоҳ, Юлия Тимошенко бояд ҳамчунин тақрибан 190 миллион доллар зиёни овардаашро ба ширкати “Нафтогаз” пардохт кунад.

Хонум Тимошенко ҳукми додгоҳро интиқоми сиёсии раисиҷумҳур Виктор Янукович мехонад.
XS
SM
MD
LG