Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Айбдоркунанда хостори эъдоми Ҳуснӣ Муборак шуд


Мухолифини Муборак дар канори додгоҳ

Мухолифини Муборак дар канори додгоҳ

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофии додгоҳии Ҳуснӣ Муборак талаб кард, ки раҳбари пешини Миср маҳкум ба эъдом шавад. Мустафо Хотир ташреҳ кард, ки бар пояи қонунҳои кишвар муҷозот барои куштори барқасдона – ҳукми қатл аст.

Дар поёни рӯзи сеюми мурофиаи додгоҳӣ айбдоркунандаи аршад Мустафо Сулаймон гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки амри куштори эътирозгарон аз сӯи кӣ сурат гирифтааст ва аммо суол он аст, ки чаро раисиҷумҳур талоши ҷилавгирӣ аз хушунатро накардааст.

Айбдоркунанда ҳамчунин барои собиқ вазири умури дохилӣ Ҳабиб ал-Адлӣ ҳукми эъдом аз тариқи ҳалқовезиро талаб кард.

Ҳуснӣ Муборак дар даст доштан дар ҳалокати тақрибан 850 нафар замони эътирозҳои оммавӣ дар моҳи феврали соли гузашта ва ҳамчунин фасод айбдор мешавад. Агар ин иттиҳом тайид шавад, ба раҳбари пешини Миср ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Ҳамроҳ бо Муборак писаронаш Ало ва Ҷамол, собиқ вазири умури дохилӣ Ҳабиб ал-Адлӣ ва шаш раҳбари хадамоти амниятӣ низ ба додгоҳ кашида шудаанд.

Мурофиаи додгоҳӣ то рӯзи 9 январ мавқуф гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG