Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳбаси Багром таҳти назорати Кобул қарор мегирад


Маҳбаси Багром

Маҳбаси Багром

Маҳбаси Багром, ки дар ҳудуди бузургтарин дар Афғонистон пойгоҳи низомии амрикоӣ ҷойгир аст ва аз сӯи нерӯҳои байнулмилалӣ идора мешавад, тайи як моҳи оянда зери назорати пурраи ҳукумати Афғонистон қарор мегирад.

Дар ин бора имрӯз дафтари раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай хабар дод. Дар изҳороти расмӣ ҳамчунин ба поймол шудани Қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои Афғонистон дар ин маҳбас низ таъкид шудааст.

Имрӯз намояндаи ҳукумати Афғонистон эълом дошт, ду шаҳрванди Бритониё, ки дар Кобул бо автоматҳои Калашников боздошт шуданд, дар қочоқи силоҳ айбдор мешаванд. Боздоштшудаҳо худро чун кормандони ширкати хусусии муҳофизатӣ муаррифӣ карданд ва аммо полис асноди онҳоро тақаллубӣ хонд.
XS
SM
MD
LG