Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон як корманди Салиби Сурх рабуда шуд


Дар шаҳри Куветта, маркази вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, як корманди созмони Салиби Сурхи байнулмилалӣ рабуда шуд. Дар ин бора намояндаи ин созмон Ситора Ҷабин хабар дод. Ӯ аз ифшои ҳуввияти фарди рабудашуда худдорӣ кард ва аммо, ба иттилои полиси маҳаллӣ, афроди мусаллаҳ ба мошини як шаҳрванди Бритониё ҳамла карда ӯро бо худ бурдаанд.

Дар вилояти Балуҷистон гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳам ҷудоихоҳон ва ҳам ифротгароён фаъоланд. Ин гурӯҳҳо дар гузашта ҳам хориҷиён ва ҳам сокинони маҳаллиро гаравгон мегирифтанд.
XS
SM
MD
LG