Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон агар гурӯҳеро хушҳол карда бошад, орзуву интизориҳои иддае дигарро барбод додааст.

Ба дунболи барканории раисони чанд шаҳру навоҳӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон вазирони нави умури дохилӣ, адлия ва муовини аввали сарвазирро низ таъйин кардааст.

Абдураҳим Қаҳҳоров ба курсии дабири Шӯрои амнияти миллӣ рафт ва ба ҷои ӯ муовини аввалаш -- Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ таъйин шуд. Раҳбари дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ Матлубхон Давлатов муовини сарвазир ва ба ҷои ӯ Бахтиёр Худоёров, ки вазири адлия буд, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъйин гардиданд.

Рустам Менглиев, муовини раҳбари дастгоҳи президент дар курсии вазири адлия такя зад. Ҳамчунин, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Нурулло Шулашов, раиси ширкати саҳомии “Нерӯгоҳи “Роғун” ва Маҳмадалӣ Гулов, раиси корхонаи “Химзавод” аз симатҳояшон барканор шудаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо муовини аввали нахуствазир таъйин шудани Матлубхон Давлатов дар тақсими вазифаю салоҳиятҳои сарвазир ва муовини аввалаш баъзе тағйирот ворид шудааст.

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон

Бино ба қавли ин манбаъ, нахуствазири Тоҷикистон раҳбарии умумии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро бар ӯҳда дошта, ҳукумати кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва ба шартномаю созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо мегузорад. Аммо муовини аввали ӯ Матлубхон Давлатов тамоми риштаи иқтисод, "сиёсати буҷету андоз, ҷалби сармоягузорӣ, фаъолияти мақомоти андоз ва гумрук, идораи моликияти давлатӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ амалӣ ва назорат" хоҳад кард.

ИНТИЗОРИҲО БАРОВАРДА ХОҲАД ШУД?

Ин тағйирот дар ҳолест, ки бо оғози бӯҳрони маъруф ба халабонҳо ва вазъи бади иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар поёни соли гузашта бархе аз аҳзоби сиёсӣ, расонаҳо ва коршиносон тақозо карда буданд, ки бояд ҳайати ҳукумати Тоҷикистон комилан иваз шавад.

Ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба ин ки раисиҷумҳур ба фарқ аз гузашта пеш аз шунидани ҳисоботи аъзои ҳукумат дар ҷаласаи солона иқдом ба тағйир кардааст, бархе таҳлилгарон мегӯянд, интиқоди расонаҳо ва афкори умум дар ин тасмимгирӣ таъсир гузоштааст.



Аммо ҳанӯз бахши каме аз он чӣ интизор мерафт, сурат гирифта, раванд зоҳиран идома хоҳад кард.

Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъйини умури дохилӣ

Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъйини умури дохилӣ

Аз он ҷо, ки ахиран нигарониҳо аз афзоиши ҷинояткорӣ ва авзои иҷтимоӣ боло рафтааст, як таъйиноти муҳим дар Вазорати умури дохилӣ ба ҳисоб меояд. Ҳамчунин ду ҳодисаи маълуми ҳалокати боздоштшудагон дар шӯъбаҳои умури дохилӣ, интиқоди созмонҳои байнулмилалӣ аз ҷой доштани хушунат дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳро ба ин таъйинот бештар кардааст.

ХУШБИНИҲО ВА УМЕДҲО

Ҳусниддин Наҷмиддинов, полковиники собиқадори умури дохилӣ ба таъйини вазири нав хушбин аст ва мегӯяд, Рамазон Раҳимовро ба унвони як милисаи касбӣ мешиносад ва умедвор аст, ки дар ислоҳи вазъ муваффақ шавад. Аммо боз ҳам мегӯяд ӯ, ин вақт аст, ки нишон хоҳад дод, вазири нав то куҷо муваффақ хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, "дар ҷараёни бархӯрду моҷароҳои ҷумҳурӣ худро чун як шахси касбӣ нишон дод ва дар мақоми муовини вазир ҳам хуб кор кард. Умедворем, ки ҳамчун вазир ҳам дар масъалаи муҳим, яъне мубориза бо ҷинояткорӣ муваффақ шавад."

Ин нукта қобили ёдоварист, ки дар се соли пеш зимни таъйиноти Абдураҳим Қаҳҳоров ба мақоми вазири умури дохилӣ низ чунин хушбиниҳое садо дода буд. Аммо иттифоқан се соли охир бештар ҷомеа шоҳиди афзоиши мизони ҷинояткорӣ, ташаннуҷи авзоъ дар шарқ ва шимоли Тоҷикистон ва бурузи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин манотиқ буд.

ИНТИЗОРИ ЧЕҲРАҲОИ НАВ Ё СИЁСАТИ НАВ?

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия-Плюс"

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия-Плюс"

Ба ҳар ҳол, на ба ҳамаи таъйиноти то кунун суратгирифта назарҳо чунин аст. Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи "Азия-Плюс" мегӯяд, аз нишастани Матлубхон Давлатов ба курсии муовини сарвазир ва ё аз расидани Абдураҳим Қаҳҳоров ба мақоми дабири Шӯрои амният чизеро интизор нест.

Ӯ мегуяд, "чизи амалиеро аз онҳо интизор доштан ғайривоқеӣ ва содалавҳӣ мебуд. Маълум мешавад, дар сатҳи боло ҳанӯз ба ин дарк нарасидаанд, ки ҷомеа хостори ба сари кор омадани шахсиятҳои усулан нав мебошад."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, коршиносони дигар мегӯянд, ки чеҳраҳои нав сари кор хоҳанд омад, аммо сиёсати навро ҳамроҳ нахоҳанд овард. Ва мақомоти раҳбарӣ ҳам барои чунин таҳаввули ҷиддитар аз ин омода нестанд.

Ба ин тартиб, нахустин тағйироте, ки ҷомеаи маданӣ онро интизор дошт, бештар ҳамроҳ бо рӯҳафтодагӣ ё бадбинӣ будааст, то хушбинӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG