Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як таркиши маргбор дар Ироқ


Дар канори шаҳри Носирияи Ироқ як маргталаб худро дар издиҳоми зоирон инфиҷор кард ва бар асари ин дасти кам 30 нафар кушта ва 70 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои мақомоти мавзеъи Ди-Кор, зоирон ҷониби шаҳри Карбало, яке аз шаҳрҳои муқаддаси шиаҳо, мерафтанд.

Аз ин пештар бар асари панҷ таркиш дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод – Садр Ситӣ ва Ал-Козимия дасти кам 24 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Як шоҳиди ҳодиса мегӯяд, "ман дар ҳоле, ки мехостам ба мотосикли худ савор шуда ба кор равам, садои мудҳишеро шунидам. Аввал фикр кардам, ки балони мошин кафидааст ва аммо баъдан дидам, ки одамон ба замин афтоданд ва дигарон ҳарсӯ мегурезанд. Ман ҳам маҷрӯҳ шудам ва маро дар мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористони Ал-Қодисия оварданд".

Таркишҳо дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастанд, ки низоъи байни сунниҳову шиаҳо дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Моҳи гузашта нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ муовини раисиҷумҳур Тариқ Ҳошимиро, ки аз сунниҳо намояндагӣ мекунад, дар терроризм айбдор кард. Аммо Ҳошимӣ иттиҳомро рад кард ва ҳизби пуштибон аз сунниҳо “Ал-Ироқия” аз ширкат дар ҷаласаҳои парлумон сарпечӣ намуд.

Рӯзи 22 декабр дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод чанд инфиҷор рӯх дод, ки бар асари он 60 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG