Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати алюминийи тоҷик ё "Талко" бо охирин захираи газе, ки дар лӯлаҳо боқӣ мондаанд, кор мекунад.

Идораи "Тоҷиктрансгаз" мегӯяд, корхонаи муҳими алюминийи Тоҷикистон -- "Талко" бо охирин захираи газе, ки дар даруни лӯла ё трубаҳои газ боқӣ мондааст, мечархад.

Ватаншоҳ Саъдуллоев, намояндаи "Тоҷиктрансгаз", дар ин робита гуфт, "ҳудуди 200 километр труба ё лӯла дорем ва тамоми фишори газ дар трубаҳоро қатъ кардем, то ба ҷойҳои дигар наравад. Ҳамаи ин гази боқимондаро ба корхонаи алюминий медиҳем."

Бо ин ҳол, рӯшан нест, ки ин миқдор гази дар лӯлаҳо боқимонда чанд рӯзи дигар кори ширкати "Талко"-ро хоҳад чархонд.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкатии алюминийи тоҷик ё "Талко", мегӯяд, онҳо мунтазири натиҷаи музокирае ҳастанд, ки дар Тошканд миёни ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон оғоз шудааст.

Бино бар иттилои "Тоҷиктрансгаз" дар соли гузашта Узбакистон ба Тоҷикистон мебоист ҷамъан 180 миллион метри мукааб фиристад, вале Тошканд ҳамагӣ 160 миллион метри мукааб газ додаасту тамом.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати алюминийи тоҷик -- "Талко"

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати алюминийи тоҷик -- "Талко"

Дар соли ҷорӣ муроҷиатҳои хаттии ширкати "Тоҷиктрансгаз" ба идораи гази Узбакистон барои имзои қарордод натиҷа надод. Як ҳайати "Тоҷиктрансгаз" ва идораҳои дигар ҳафтаи гузашта ба Узбакистон рафта буд, то қарордоди нави интиқоли газро бо Тошканд имзо кунад, вале он бо "дасти холӣ" баргашт.

Тавре расонаҳои хабарии Узбакистон менависанд, пас аз он ки Тошканд бозори гази худро васеъ намуд, мехоҳад, гази худро на бо нархи арзон ба Тоҷикистон, балки бо баҳои гарон ба Чин фурӯшад.

Ҳанӯз се сол қабл, дар таърихи 14 декабри соли 2009, хатти аввали интиқоли гази Узбакистон ба Чин дар доираи хатти гази Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Чин оғоз шуда буд. Ҳоло Тошканд дар садади фаъол намудани хатти севуми интиқоли гази табиӣ ба Чин мебошад.

Агар ҳоло Узбакистон тибқи қарордоди дуҷониба ҳудуди 10 миллиард метри мукааб газ ба Чин диҳад, харидори дигари он "Газпром"-и Русия аст, ки ҳар сол аз Тошканд ҳудуди 15 миллиард метри мукааб газ харидорӣ мекунад. Тошканд аз "Газпром" дар ивази ҳар ҳазор кубометр 305 доллар ва аз Чин аз ин ҳам бештар пул мегирад.

Аммо маълум нест, тасмими Тошканд дар баробари Тоҷикистон то куҷо ангезаи сиёсӣ дорад. Узбакистон мухолифи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон аст ва ҳамчунин ҷунбишҳои экологии он аз зарари корхонаи алюминийи тоҷик ба манотиқи наздимарзии Узбакистон шикоят мекунанд.

Дар навори зер: Нигоҳе ба кори "Талко" аз дохил

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG