Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони Шодиев: "Мавзӯъ шиканҷа аст, на "хунукназарӣ"


Баҳромиддин Шодиев дар бемористон

Баҳромиддин Шодиев дар бемористон

Додситонии кул иллати марги Баҳромиддин Шодиевро “хунукназарии маъмурони пулис” унвон кардааст.

Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев ба Радиои Озодӣ гуфт, Додситонии кулли Тоҷикистон дар номааш гуфтааст, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ба ҳангоми иҷрои вазифа “хунукназарона” рафтор намудаанд, ки ин чиз сабаби ҳалокати Баҳромиддин Шодиев шудааст.

Аммо хонуми Бӯриева мегӯяд, писари ӯ қурбонии шиканҷа шудааст ва додситонӣ баёноти табибонеро, ки тӯли даҳ рӯз фарзанди маҷрӯҳи ӯро муолиҷа менамуданд, ба назар нагирифтааст.

Фарқи байни "рафтори хунукназарона" ва "шиканҷа" ин аст, ки бино бар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифа шахс танҳо бо барканорӣ аз мақомаш ҷазо дода мешавад. Аммо аҳли хонаводаи Шодиевҳо мегӯянд, гунаҳкорони марги Баҳромиддин бояд тибқи моддаи 316-и кодекси ҷиноӣ ҷазо бигиранд, ки "баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" ном дошта, аз 2 то 5 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Маъмурони пулис мегӯянд, ки Баҳромиддин Шодиевро ба иттҳоми дуздӣ боздошт кардаанд...

Маъмурони пулис мегӯянд, ки Баҳромиддин Шодиевро ба иттҳоми дуздӣ боздошт кардаанд...

Модари Баҳромиддин меафзояд, муфаттишони парвандаи марги фарзандаш дар тӯли даҳ рӯзе, ки фарзандаш дар бемористон буду худ дар бораи шиканҷаи пулис ҳарф мезад, чизе аз ӯ напурсидаанд.

Гулчеҳра Холматова, вакили хонаводаи Шодиевҳо низ мегӯяд, норӯшаниҳо дар баррасии парвандаи марги Баҳромиддин Шодиев зиёд аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар парванда танҳо номи муфаттиш Абдураҳмон Додов оварда шудааст, дар ҳоле ки чанд пулиси дигар дар боздошти Шодиев иштирок карда ва баъдан бо амри вазири корҳои дохилӣ аз мақомҳояшон сабукдӯш шудаанд. Хонуми Холматова меафзояд:

“Ҳар пешниҳод ва далеле, ки аҳли хонаводаи Шодиев ба муфаттиш пешниҳод мекунанд, ба инобат гирифта намешавад. Бахусус, далели модари Баҳромиддин, ки аз забони писараш мегӯяд, ӯро маъмурони пулис шиканҷа додаанд.”



Баҳромиддин Шодиев, сокини 28-солаи пойтахт, дар моҳи октябри соли гузашта аз тарафи маъмурони пулиси ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуд, вале баъдан бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол ёфт ва пас аз даҳ рӯз даргузашт..

Сафаралӣ Сангов. Наздикони Сангов ба ин боваранд, ки ӯ дар пайи шиканҷаи маъмурони пулис фавтидааст...

Сафаралӣ Сангов. Наздикони Сангов ба ин боваранд, ки ӯ дар пайи шиканҷаи маъмурони пулис фавтидааст...

Модари ӯ ба хабарнигорон гуфт, фарзандаш дар натиҷаи зарбулат ва шиканҷаи маъмурони пулис фавтидааст. Замоне ки расонаҳо ба марги Баҳромиддин Шодиев таваҷҷӯҳ карда, дар бораи шиканҷаи боздоштшудагон матолиб нашр намуданд, се корманди пулиси Шоҳмансур аз вазифаҳои худ сабукдӯш шуданд.

Ин бори аввал нест, ки ходимони пулис дар шиканҷаи боздоштшудагон ва ҳалокати онҳо муттаҳам мешаванд. Сафаралӣ Сангов, сокини дигари пойтахт моҳи марти соли 2011 баъад аз боздошт аз тарафи кормандони пулиси ноҳияи Сино бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфт ва фавтид. Мурофиаи додгоҳии гунаҳкорони фавти Сафаралӣ Сангов то ҳол идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG