Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор таркиши пайиҳам. Даҳҳо кушта дар Бағдод


Дар асари силсилаи таркишҳо дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод 24 нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуданд.

Дар мавзеи Садр-ситӣ таркиши мотосикли ҳомили маводи мунфаҷира нӯҳ кушта бар ҷой гузошт. Дар ҳамон маҳалла ҳамчунин як бомби рӯи раҳ мунфаҷир шуд. Бар асари таркиши ду мошин дар маҳаллаи Ал-Қазимия дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд.

Таркишҳо дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастанд, ки ба думболи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ низоъи байнимазҳабӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Моҳи гузашта нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ муовини раисиҷумҳур Тариқ Ҳошимиро, ки аз сунниҳо намояндагӣ мекунад, ба терроризм айбдор кард. Ҳошимӣ Бағдодро тарк намуд ва дар Курдистон панаҳ бурд. Ӯ иттиҳомро рад кард ва ҳизби сунниҳо “Ал-Ироқия” аз ширкат дар ҷаласаҳои парлумон сарпечӣ намуд.



Рӯзи 22 декабр дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод чанд инфиҷор рӯх дод, ки бар асари он 60 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG