Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вилям Ҳейг вориди Мянмар шуд


Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, бо як сафари дурӯза вориди Мянмар шуд. Ин нахустин сафари раҳбари идораи сиёсати берунаи Бритониё аз ин кишвари осиёи дар панҷоҳ соли ахир аст. Қарор аст, ки Вилям Ҳейг бо раисиҷумҳури Мянмар Тейн Сейн ва раҳбари мухолифин, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи мулоқот кунад.

Қабл аз сафар вазири умури хориҷии Бритониӣ гуфт, ки ӯ аз мақомоти Мянмар хостори идомаи ислоҳот, раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва таъмини интихоботи одилона дар баҳори соли 2012 хоҳад шуд.

Як моҳ пеш вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ҳам аз мянмар дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG