Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голиёнӣ: Нозирони араб бояд Сурияро тарк кунанд


Нозирони араб дар Сурия
Нозирони араб дар Сурия
Шӯрои миллии Сурия, яке аз созмонҳои асосии мухолифи ҳукумат, изҳор намуд, ки нозирон аз Иттиҳоди кишварҳои араб бояд ё муфид будани худро собит намоянд ё кишварро тарк кунанд. Бурҳон Голиёнӣ, раиси ин Шӯро, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки кишварҳои ғарбӣ бояд дар ҳарими ҳавоии бархе навоҳии Сурия минтақаҳои мамнӯъ барои парвози ҳавопаймоҳои низомиро ташкил кунанд.

Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки ба ҷойи нозирони Иттиҳоди кишварҳои араб нозирони СММ вориди Сурия мешаванд.

Аз ин пеш парлумони кишварҳои арабӣ, ки аз 88 намоянда иборат аст, низ хостори хуруҷи фаврии нозирони Иттиҳоди кишварҳои араб аз Сурия шуд, зеро "режими Башор Асад дар ҳузури ин нозирон ҳам ба куштори мухолифони худ идома медиҳад".

Шурӯъ аз моҳи гузашта тақрибан 100 нозир аз кишварҳои арабӣ авзоъи Сурия назорат мекунанд.
XS
SM
MD
LG