Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 15 сарбози покистониро тирборон карданд


Толибони Покистон 15 сарбози ҳукуматии охири моҳи гузашта ба асорат афтодаро эъдом карданд. Дар ин бора имрӯз намояндаи ҷунбиши “Толибон” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, низомиёни ҳукуматӣ тирборон ва аҷсоди онҳо дар Вазиристони шимолӣ, дар як мавзеи ҳаммарз бо Афғонистон, гӯронида шуданд.

Вазорати дифоъи Покистон изҳор намуд, ки ин хабарро тафтиш мекунад. Сарбозони ҳукуматӣ рӯзи 23 декабр дар як ҳамлаи толибон ба пойгоҳи нерӯҳои амниятӣ дар Вазиристони шимолӣ асир афтоданд.
XS
SM
MD
LG