Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои маргбор дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод


Бар асари силсилаи таркишҳо дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод дасти кам 24 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар мавзеъи Садр-ситӣ таркиши мотосикли ҳомили маводи мунфаҷира нӯҳ кушта бар ҷой гузошт. Дар ҳамон маҳалла ҳамчунин як бомби рӯи раҳ мунфаҷир шуд. Бар асари таркиши ду мошин дар маҳаллаи АЛ-Қазимия дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд.

Таркишҳо дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастанд, ки ба думболи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ низоъи байнимазҳабӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст.Моҳи гузашта нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ муовини раисиҷумҳур Тариқ Ҳошимиро, ки аз сунниҳо намояндагӣ мекунад, дар терроризм айбдор кард. Ҳошимӣ дар Курдистон панаҳ бурд. Ӯ иттиҳомро рад кард ва ҳизби пуштибон аз сунниҳо “Ал-Ироқия” аз ширкат дар ҷаласаҳои парлумон сарпечӣ кард.

Рӯзи 22 декабр дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод чанд инфиҷор рӯх дод, ки бар асари он 60 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG