Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Туркия аз Эрон боздид мекунад


Алӣ Акбар Солеҳӣ ва Аҳмет Довудоғлу

Алӣ Акбар Солеҳӣ ва Аҳмет Довудоғлу

Аҳмет Довудоғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия барои боздиди дурӯза вориди Теҳрон-пойтахти Эрон шудааст. Зоҳиран дар мулоқотҳои дуҷониба бештар рӯи барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон ва вазъ дар Сурия таваҷҷуҳ хоҳанд кард. То ҳол Довутуғлу бо Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон мулоқот кардааст. Дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот хабаре нашр нашудааст, зеро нишасти хабарие, ки баъд аз ин мулоқот ба нақша гирифта шуда буд, баргузор нагардид. Интизор меравад, ки дар поёни имрӯз Довутуғлу бо Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон мулоқот анҷом диҳад. Туркия дар мубоҳисоти Эрону Ғарб роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон миёнҷигрӣ кардааст ва моҳи январи соли гузашта мизбони мулоқоти ҷонибҳо дар Истамбул буд.
XS
SM
MD
LG