Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуқодирзода таҷлили Соли Навро мамнуъ накардааст


Бино ба хабари Islamnews.tj, Саидмукаррам Абдуқодирзода-раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон хабари баъзе аз расонаҳои Тоҷикистонро рад кард, ки гӯё вай аз мусулмонони Тоҷикистон даъват кардааст, ки Соли Нави милодиро ҷашн нагиранд. Вай дар посух ба суоли хабарнигорон роҷеъ ба таҷлили Соли Нави милодӣ гуфтааст, ки дар Қуръон дар ин бора чизе гуфта нашудааст, балки соли милодӣ оғози сол ва поёни сол дар солшумории расмии Тоҷикистон ба шумор меравад ва вай аз касе даъват накардааст, ки вуруди Соли Навро ҷашн нагиранд.
XS
SM
MD
LG