Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикони Россия" дар Тоҷикистон ҳам нашр мешавад


Аз имрӯз, 5 январи соли 2012 ҳафтавори «Тоҷикони Россия» дар Тоҷикистон низ ба нашр мерасад. Ҳафтаномаи мазкур 10 сол пеш таъсис ёфта буд ва аз моҳи марти соли 2002 дар Русия нашр мешавад.

Нашрия сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, бештар дар мавриди ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия, ҳаёт ва фаъолияти диаспораи миллии тоҷикон, муҳоҷирони кории тоҷик матолиб ба табъ мерасонад. Дар ин муддат нашрияи «Тоҷикони Россия» тавонистааст дар фазои иттилоотии Русия мавқеи худро пайдо кунад.

То имрӯз «Тоҷикони Россия» моҳе як шумора ба теъдоди 10 ҳазор нусха нашр мешуд ва бо мусоидати Сафорати Чумхурии Точикистон дар Русия, Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва созмонхои тоҷикон дар қаламрави ин кишвар ба тавриройгон паҳн мегашт.
XS
SM
MD
LG