Пайвандҳои дастрасӣ

Комёбии шоири муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург


Бино ба хабари расида аз Санкт-Петербург, шоири муҳочири тоҳҷик Ҳасан Холзода ба узвияти Академияи каломи бадеии рус ба номи Г. Р. Державин пазируфта шуда, бо медали Кумитаи Мукофоти Русия «Ф.М. Достоевский барои нафосат, башардустӣ, адолат» сарфароз гардонида шуд.

Ҳасан Холзода (Холов Ҳасан Абдушукурович), корманди пешини дафтари матбуотии ВКД ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Донишкадаи забон ва адабиёти руси шаҳри Душанбест ва аз соли 2003 дар Русия муҳоҷири корист ва бо корҳои сохтмон машғул аст. Пайваста ба эчоди шеър машғул аст ва тарҷумаи ашъораш ба забони русӣ дар маҷмӯаи адабии «Шуълаҳои соҳил» ва дар забони асл дар нашрияхои «Хуросон» ва «Турон» ба табъ расидаанд.

Хасан Холзода узви Иттифоки нависандагони байниминтакавии Россия буда, иштирокчии фаъоли махфилхои адабии Санкт-Петербург мебошад.

Дар ин бора Зайниддин Орифӣ-рӯзноманигори тоҷики муқими Санкт Петербург ба радиои Озодӣ хабар дод.
XS
SM
MD
LG