Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ имрӯз раиси ФФТ мешавад?


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ
Қарор аст имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федерацияи футболи Тоҷикистон баргузор шавад. То ҳол барои интихоби раис танҳо номзадии Рустами Эмомалӣ пешбарӣ шудааст. Рустами 24 сола-писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳоло муовини раиси Федерацияи Футболи Тоҷикистон аст ва раёсати онро Сӯҳроб Қосимов бар ӯҳда дорад. Баъзе аз коршиносон дар матбуот изҳори ақида карда буданд, ки бо омадани писари раиси ҷумҳур ба раёсати футболи тоҷик мумкин аст сармоягузорӣ дар ин бахш беҳтар шавад. Аз ҷумла, Валерий Турсунов-муовини раиси федерацияи футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфта буд, “ман фикр мекунам, ки дар шароити имрӯза ӯ ягона номзадест, ки ба ин мансаб муносиб аст. Зеро ӯ метавонад масоили зиёдеро, ки имрӯз дар назди ФФТ истодааст, ҳал намояд. Ин сохтмони варзишгоҳҳову майдонҳои футбол, азнавсозии сохтори федератсия, умуман, корро ба таври нав пеш бурдан лозим меояд."
XS
SM
MD
LG