Пайвандҳои дастрасӣ

Хоксупории хокистари Ватслав Ҳавел дар Прага


Имрӯз дар оромгоҳи марказии шаҳри Прага хокистари президенти нахустини Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел ба хок супурда шуд. Ватслав Ҳавел соли 1989 дар садри ҷараёнҳои мухолифон қарор дошт, ки ба суқути режими беш аз чилсолаи коммунистии Чех сабаб шуд. Вай рӯзи 18 декабр дар синни 75-солагӣ даргузашт. Дар маросими хоксупории имрӯза аҳли хонавода ва дӯстони наздики президенти собиқ иштирок доштанд. Хокистари Ҳавел дар канори қабри ҳамсари аввали ӯ Олга, ки соли 1996 даргузаштааст, ба хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG